Марде хондани китоборо дӯст медошт. Беш аз ҳазор китобро мутолиа карда буд.Як рӯз фариштаи марг ба назди ӯ омад ва гуфт, ки рӯзҳои ӯ ба охир расидаанд.

Фариштаи марг ҷони ӯро ба Худованди бузург супурд ва Ӯ саволу ҷавоби Хешро оғоз кард.

Пас аз чанде, Худованд фариштаи маргро даъват намуда фармуд, ки ҷони мардро баргардонад.

Пас аз чанде, фариштаи марг аз Худованди бузург дар бораи ин ҳодиса пурсид. Худованд ба ӯ ҷавоб дод:

– Одамони ҳозира кам китоб мехонанд ва мутаносибан сӯҳбат карда наметавонанд. Ҳангоми муошират бо ин шахс,  ман аз нутқи ӯ ҳаловат бурдам. Бисёр вақт буд, ки аз мавҷудоти офаридаам санъатӣ суханро нашунида будам, хеле ҳайрон шудам ва илова бар ин, ҳатто аз мавҷудоти худ ифтихор кардам. Ва пурсидам, ки бар ивази хурсандии ба ман расондааш чи мехоҳад, ӯ ҷавоб дод: «Мехоҳам шуморо боз ҳам бештар хушҳол кунам ва нишон диҳам, ки офаридаҳои шумо боз ҳам зеботар сухан гуфта метавонанд. Аммо, барои ин ба ман боз ҳазор китоби дигарро хондан лозим. Аз ин рӯ, хоҳиш мекунам, ки боз даҳ соли дигар зиндагӣ кунам”

Бо ин масали зебо мехоҳем ифтитоҳи “Маҳфили китобхонӣ” -ро эълон кунем. Ифтитоҳи маҳфили мазкур имрӯз баргузор шуд. Ҳар рӯзи панҷшанбе соати 14:00 дар Фазои ҷамъиятии ҷавонон «Маҳфили китобхонӣ» баргузор мегардад. Ҳадафи маҳфили мазкур ҳавасмандгардонии ҷавонон барои хонданӣ китоб мебошад.

Ҳар як китобе, ки мо мехонем, дунёи дигареро бароямон боз мекунад. Вақте ки китоб мехонем, бо тамоми ҳасти нозукиҳои ҳодисаҳои рух додаистодаро ҳис мекунем.

Волонтёрони мо барои хонданӣ ҳазор китоб омода ҳастанд.

Шумо чӣ?

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here