Кӯдакони хушбахт – ҷомеаи хушбахт!

“Ма да умрм якмбор бобои барфира дидмеее”.

“Иё ай Дафтари озодихои шахрванди омадагиян”.

“Вааа, Бобои барфи”.

“Ку подарката бинм чи дори”

Кӯдакон, ин суханонро ба ҳамдигар дар давоми аксияи хайриявӣ мегуфтанд.
Чорабинӣ 26 декабри соли равон дар мактаб-интернати №1-и ноҳияи Восеъ баргузор гардид.

Вақте ки чеҳраҳои хушбахти кӯдаконро мебинед ва овози хуши онҳоро мешунавед, то мефаҳмед, ки дастаи “Ҷавонони ташаббускор” – и мо то чӣ андоза кори муҳимеро ба анҷом расониданд.

Мо бе шарикони ғамхорӣ хеш аз ӯҳдаи ин кор намебаромадем. Яъне, Сулаймон Миралиев, Айша Хуросониева, Вайс Асоев, Нигина Бахриева, Фредерика Беҳр, Дилафрӯз Зоирова, Беҳрӯз Зайнуллоев, Зулайхо Ниёзӣ, Асхобиддин Холов, Flex Alumni in Tajikistan, ширкати “Симбо”.

Ташаккури зиёд ба ҳама барои бо мо будан, дастгирӣ кардан ва мубодилаи нашрияҳои ин аксияи хайриявӣ.

Ва дар инҷо мехоҳам бо суханони Оскар Вайлд ба анҷом расонам, ки гуфта буд:

Роҳи беҳтарини кӯдаконро хуб кардан – ин онҳоро хушбахт кардан аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here