Фандрайзинг чист?

Фандрайзинг (fund-raising) – аз калимаи англисии fund – маблағ, маблағгузорӣ ва raise – дарёфт кардан, ҷамъоварӣ.

Фандрайзер кист?

Мутахассиси ҷалби дастгирии молиявӣ ва дигар барномаҳо ва лоиҳаҳои ғайритиҷоратии ташкилот. Вазифаи фандрайзер ҷамъоварии маблағ барои ташкилот ё лоиҳа мебошад,. Яке аз малакаҳои асосие, ки фандрайзер бояд дошта бошад, ин қобилияти ҷалби шарикон ва сармоягузорон ба ташкилот мебошад.

Дар соли 2019 ДОШ дар мактаб-интернатҳои дурдаст якчанд аксияҳои хайриявӣ гузаронд, ба кӯдакони маъюб маводҳои канселярӣ тақдим кард, ҳамчунин ҳар моҳ ба донишҷӯёни ятим кӯмак мерасонад ва ин танҳо қисмати хайрия аст.

Меҳринисо Хоҷаева, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи Славянии Росия ва Тоҷикистон, хатмкардаи барномаи FLEX -и Амрико мебошад. Бо дастгирии Шурои Амрико дар Тоҷикистон лоиҳаҳои «My Voice – My Choice» ва «Women Rights and Equal Opportunities».  бомуваффақият татбиқ намуд.

Акнун биёед ҳамаи ин нуқтаҳоро муттаҳид кунем. Меҳринисо Хоҷаева фандрайзери ДОШ мебошад ва нақши ӯ дар ҳамаи фаъолиятҳои хайриявии дар боло зикр шуда бисёр калон аст. Вай на танҳо дар ҷустуҷӯи воситаҳои молиявӣ, балки либос, хӯрокворӣ, бозичаҳо барои кӯдакон ва ғайра мебошад. Дар як муддати кӯтоҳ ӯ тавонист худро ҳамчун коргари намунави нишон дода, шарикони ташкилоти моро афзоиш диҳад.

ДОШ бо чунин коргаронаш мефахрад!

P.s. Пости мазкур ба ҳамаи онҳое бахшида шудааст, ки пурсида буданд: Меҳрӣ дар ташкилот чӣ кор мекунад?)))

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here