Омӯзгор ва роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии занони дорои маъюбиятдошта “Дурахшон”, ки аз ноҳияи дурдасти Кушониён ҳастанд, ба мо дар бораи фаъолияти ташкилот, муроҷиати шаҳрвандон ва муҳим будани ҷомеъаи инклюзивқ нақл кард.

Умарова Ҳурматой, ҷавондухтари қавиирода ва ватандӯст, ки айни ҳол дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Кушониён омӯзгор аст, ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, роҳбари ташкилот ва яке аз шахсони фаъоли ҷомеа мебошад.

Ташкилоти ҷамъиятии занони дорои маъюбиятдошта “Дурахшон”, моҳи апрели соли 2018 таъсис ёфта, тӯли як солу панҷ моҳ мешавад, ки фаъолияти худро пеш бурдаистодааст. Яке аз самтҳои калидии фаъолияти ташкилот, ин баланд бардоштани мақоми духтарони маъюбиятдошта дар вилояти Хатлон ва инчунин, баланд бардоштани иқтидор ва малакаҳои лидерии онҳо мебошад. Ташкилот, максади асосии худро дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу манфиатҳои занон ва духтарони маъюбиятдошта мебинад. Инчунин, яке аз ҳадафҳои ташкилот, ворид сохтани шахсони маъюбиятдошта ба ҷомеъа мебошад.

“Ман миссияи худро ҷомеъаи инклюзивӣ мебинам”.

Ҳурматой, яке аз ҳадафҳои худро, дар ҷомеаи баробар мебинад. Талош дорад, ки ҳар як шахси маъюбиятдошта, тавонад бо шахси бемаъюбият, дар як ҷой таҳсил намояд, озодона дар ҷомеъа кору фаъолият кунад ва ҳуқуқҳои баробар дошта бошад. Барои Ҳурматой, мушкили дар он буд, ки ӯ худ шахси маъюбиятдошта, дар бисёр ҳолатҳо медид, ки дар вақти ба кору фаъолияташ машғул шудан, назари ҷомеъа дигар буд. У аз суханҳои пасту баланди ҷомеъа, ҳарос дошт, аммо мехост, ки худ ва дигар шахсони маъюбиятдошта, озодона ба ҷамъият ворид гарданд ва кору фаъолияти худро оғоз кунанд. Ҳурматой бо як табассум мегӯяд, ки хушбахтона бо гузаронидани чорабиниҳо ва семинарҳои зиёд, онҳо тавонистанд, ки ба ҳаёти мустақил ворид гарданд ва ба кору фаъолияти писандидаи худ, машғул шаванд.

Ташкилоти ҷамъиятии занони дорои маъюбиятдоштаи “Дурахшон” дар як муддати кутоҳ, 2 лоиҳаи калонро амалӣ гардонд. Яке аз онҳо барои таъсисдиҳии худи ташкилоти “Дурахшон” равона шуда буд ва дигар ин лоиҳаи “Баланд бардоштани мақоми занону духтарони маъюбиятдошта дар вилояти Хатлон”, инчунин 3 мизи мудаввар, бо намояндагони мақомотҳои давлатӣ гузаронида шуд.  Дар ҳар як чорабиниҳое, ки мо дар минтақаҳо гузарондем, зиёда аз 15 нафар духтарони маъюбиятдошта иштирок карда, донишҳои гирифтаашонро дар минтақаҳои худ паҳн карда истодаистодаанд.

 “Ман хело шодам, ки баъди иштирок дар ин чорабинихо, ҳоло метавонам ҳаёти мустақили худро оғоз намоям”.

Ин, суханҳои яке аз иштирокчиёни чорабиниҳои мо мебошад, ки бо мушкилиҳои худ ба мо муроҷиат карда буд. Шаҳрвандон ба ташкилоти ҷамъиятии занони дорои маъюбиятдошта “Дурахшон”, бисёртар бо масъалахои нагирифтани нафақаи худ ва ба кор қабул накардани онхо бо сабаби маъюбият доштаашон, мурочиат мекнанд. Мо дар навбати худ, онхоро бо конвенсия оид ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта шинос карда, ба онҳо дастрас ва фаҳмондадиҳӣ мекунем, ки бо кадом роҳ, ба кучо муроҷиат кунанд.

 

“Яке аз орзухои кудакиам, ин бо шахсони маъюбиятдошта кору фаъолияти худро оғоз кардан буд”

Вақте, ки ман хурд будам, як ҳамсоя доштем, ки апаи Шаҳло ном дошт. Апаи Шаҳло дорои маъюбият буд, вале ба ин нигоҳ накарда, у тамоми талошҳояшро мекард, ки ба дигар шахсони маъюбиятдошта кумаки худро расонад. Аз ҳамон лаҳза, ин орзу дар дили ман пайдо шуд. Ин як кори аҷоиб аст ва ростӣ, ман хело хурсанд мешавам, вақте ки ман ба як шахси маъюбиятдошта, кӯмаки худро мерасонам.

Ман касби худро хело дуст медорам. Барои он, касбамро дуст медорам, ки ман ҳис мекунам, ки саҳми худро дар пешбурди ҳуқуқу манфиатҳои шахсони дорои маъюбиятдошта гузошта истодаам.

 

Мақолаи мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо дастгирии молиявии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here