Саволу ҷавоб

Барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ кадом талаботҳо мавҷуд ҳастанд?

Талаботҳо барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ:

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад, забони давлатиро медонад, инчунин на кам аз ду сол собиқаи корӣ аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дорад ё коромӯзиро дар ташкилоти адвокатӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қоунгузорӣ (аз шаш моҳ то як сол) гузаштааст, метавонад соҳиби мақоми адвокат гардад.

МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ДАР ИН БОРА:

http://base.mmk.tj/view_sanadhoview.php?showdetail=&sanadID=319

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” аз 18.03.2015, №1182

Адвокат аз рӯи талаботи қонунгузорӣ кадом уҳдадориҳоро дорост?

1. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбӣ  адвокат уҳдадор аст:

–  содиқона, софдилона ва оқилона ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ваколатдиҳандаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намояд;

– талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иштироки ҳатмии адвокат ба сифати ҳимоятгар дар мурофиаи судии ҷиноятӣ дар асоси қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд иҷро намояд, инчунин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ёрии ҳуқуқии ройгон расонад;

– савияи дониши худро баланд бардорад ва маҳорати касбии худро такмил диҳад;

– талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси одоби касбии адвокатҳоро риоя намояд, қарорҳои Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти  минтақавии онро, ки дар доираи ваколатҳояшон қабул карда шудаанд, иҷро намояд;

– аз ҳисоби ҳаққи хизмати ҳармоҳааш барои эҳтиёҷоти Иттифоқи адвокатҳо мувофиқи тартиб ва андозаи муайяннамудаи Анҷумани адвокатҳо маблағ супорад, инчунин барои таъмин намудани фаъолияташ мувофиқи тартиб ва андозаи муайяннамудаи ташкилоти адвокатӣ маблағ ҷудо намояд;

– дар муҳокимаи саривақтии парвандаҳо ба кашолкории сунъӣ роҳ надиҳад;

– сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшавандаро, ки ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ маълум гаштаанд, ифшо насозад.

2. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбӣ  адвокат ҳуқуқ надорад супориш оид ба расонидани ёрии ҳуқуқиро қабул намояд, агар он:

– баръало хусусияти ғайриқонунӣ дошта бошад;

– чунин ёриро ба шахсоне расонад ё қаблан расонида бошад, ки манфиати онҳо ба манфиати шахсе, ки дар хусуси пешбурди парвандааш муроҷиат кардааст, зид бошад;

– ба предмети созишнома бо ваколатдиҳанда манфиати мустақилона дошта бошад, ки аз манфиатҳои ваколатдиҳанда фарқ кунад;

– қаблан дар парванда ба сифати судя, машваратчии халқӣ, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлиси суд, шоҳид, коршинос (эксперт), мутахассис, тарҷумон ё шахси холис иштирок карда бошад;

– бо судя, машваратчии халқӣ,прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлиси суд, ки дар тафтиш ё баррасии судии ҳамин парванда иштирок мекунанд, муносибатҳои хешовандӣ дошта бошад.

3. Адвокат ҳуқуқ надорад, ки аз уҳдадории худ дар бобати ҳимоя даст кашад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Адвокат ҳуқуқ надорад маълумоти ба ӯ додаи ваколатдиҳандаро, ки бо расонидани ёрии ҳуқуқӣ алоқаманд аст, бе розигии ин шахс ифшо намояд.

5. Адвокат ҳуқуқ надорад, ки гуноҳи ҳимояшавандаи худро исботшуда эътироф намояд, агар ҳимояшаванда онро рад кунад. Иқрор шудани ҳимояшаванда ба гуноҳи худ адвокатро аз ҳуқуқи мубоҳиса намудани чунин фикр ва хоҳиши сафед намудани ӯ бинобар исбот нашудани гуноҳаш маҳрум намекунад. Адвокат ҳуқуқ надорад ба таври оммавӣ дар бораи исботшуда эълон намудани гуноҳи ҳимояшавандааш изҳорот диҳад, агар зерҳимояаш онро рад намояд.

6. Адвокат дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои қонунии ваколатдиҳандаро ҳимоя намояд ва ҳуқуқ надорад мавқеи ҳуқуқии ба манфиатҳои ӯ мухолифро ишғол намояд. Дар ҳолати  худтуҳматкунии ваколатдиҳанда дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, адвокат бояд мавқеи мухолифро ишғол намояд.

7. Барои  иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои касбии худ адвокат тибқи тартиби пешбининамудаи  Қонуни мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ДАР ИН БОРА:

http://base.mmk.tj/view_sanadhoview.php?showdetail=&sanadID=319

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” аз 18.03.2015, №1182

Адвокат ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбӣ кадом ҳуқуқҳоро дорад?

Адвокат мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” аз 18.03.2015 чунин ҳуқуқҳоро дорад:

– маълумоти заруриро барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҷамъоварӣ намояд, аз ҷумла маълумотномаҳо, тавсифномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро аз мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон дархост карда гирад ва мақомот ва ташкилотҳои зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд ба адвокат ҳуҷҷатҳои дархосткардаи ӯ ё нусхаи тасдиқгардидаи онҳоро ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки маълумоти дорои  сирри давлатиро дар бар гирифтаанд, диҳанд;

– далел ва маълумоти барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ заруриро  ҷамъ оварад  ва пешниҳод намояд;

– бо шахси таҳти ҳимояташбуда бо пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи  адвокат бе мамониат як ба як (аз ҷумла аз лаҳзаи дастгир шудан, нигоҳ доштан дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ё изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ)  бе маҳдуд кардани шумора ва давомнокии муҳлат суҳбат кунад;

– маълумоти дар парванда мавҷудбударо, ки аз рӯи он адвокат ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, бо риоя намудани сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда нусхабардорӣ намояд;

– ҳангоми иштирок намудан дар маҷлиси пӯшидаи судӣ бо матни пурраи санадҳои судии қабулнамудаи суд шинос шавад;

– барои ҳимоя ҳама гуна восита ва тарзҳои қонуниро истифода барад.

Маълумоти бештар дар ин бора:

http://base.mmk.tj/view_sanadhoview.php?showdetail=&sanadID=319

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” аз 18.03.2015, №1182

 

Ман мехоҳам бо шаҳрванди хориҷа (шаҳрванди дигар давлат) ақди никоҳ бандам, нисбати ин масъала чигуна талаботҳо ҳаст?

Ба ғайр аз шартҳои асосии бастани ақди никоҳ, инчунин боз шартҳои иловагии бастани ақди никоҳ ҳастанд, ки дар сурати яке аз никоҳшавандагон (марду зан) шаҳрвандӣ хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд (бетабаа) бошад татбиқ карда мешаванд.

Шартҳои иловагии бастани ақди никоҳ инҳо мебошанд:

  • Истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на кам аз як соли охир;
  • Ба таври ҳатмӣ бастани аҳдномаи никоҳ.

    МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ДАР ИНҶО:

    http://portal.freedom.tj/tj/2018/08/28/huquqi-tashkili-oila-bastani-aqdi-nikohi-qonuny-va-sharthoi-on-muvofiqi-tartibi-muqarrarkardai-qonunguzorii-jumhurii-tojikiston/

Барои бастани аҳди никоҳ кадом шартҳои асоси вуҷуд доранд?

Шартҳои асосии бастани ақди никоҳ инҳоянд:

1.Ба синни никоҳи расидан;

2.Розигии тарафайни марду зан;

3.Вуҷуд надоштани монеъа барои бастани ақди никоҳ.

Маълумоти бештар дар инҷо:

http://portal.freedom.tj/tj/2018/08/28/huquqi-tashkili-oila-bastani-aqdi-nikohi-qonuny-va-sharthoi-on-muvofiqi-tartibi-muqarrarkardai-qonunguzorii-jumhurii-tojikiston/